Ошиқонро Гарчи Дар Ботин Ҷаҳоне Дигар Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ошиқонро гарчи дар ботин ҷаҳоне дигар аст,
Ишқи он дилдори моро завқу ҷоне дигар аст!
Синаҳои равшанон бас ғайбҳо донанд, лек
Синаи ушшоқи ӯро ғайбдоне дигар аст!
Бас забони ҳикмат андар шавқи сирраш гӯш шуд,
З-он ки мар асрори ӯро тарҷумоне дигар аст!
Як замини нуқра, бин, аз лутфи ӯ дар айни ҷон,
То бидонӣ, к-он маҳамро осмоне дигар аст!
Ақлу ишқу маърифат шуд нардбони боми Ҳақ,
Лек Ҳақро дар ҳақиқат нардбоне дигар аст!
Шабравон аз шоҳи ақлу посбон он сӯ шаванд,
Лек он ҷонро аз он сӯ посбоне дигар аст!
Дилбарони роҳи маънӣ бо диле оҷиз буданд,
Ваҳшиён омад, ки дилро дилситоне дигар аст!
Ай забонҳо баркушода бар дили бирбудае,
Лаб фурӯ бандед, к-ӯро ҳамзабоне дигар аст!
Шамси Табрезӣ чу шамъу шамъҳо парвонааш,
З-он ки андар айни дил ӯро аёне дигар аст!

Hits: 3

:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.