Ошиқи Рӯи Ҷавоне Хушу Навхостаам

Ошиқи рӯи ҷавоне хушу навхостаам
В-аз худо давлати ин ғам ба дуо хостаам.
Ошиқу ринду назарбозаму мегӯям фош,
То бидонӣ, ки ба чандин ҳунар оростаам.
Шармам аз хирқаи олудаи худ меояд,
Ки бар ӯ васла ба сад шӯъбада перостаам
Хуш бисӯз аз ғамаш, эй шамъ, ки инак ман низ
Ҳам бад-ин кор камар баставу бархостаам.
Бо чунин ҳайратам аз даст бишуд сарфаи кор,
Дар ғам афзудаам он ч-аз дилу ҷон костаам.
Ҳамчу Ҳофиз ба харобот равам ҷомақабо,
Бу, ки дар бар кашад он дилбари навхостаам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.