Офтоб Аз Рӯи Ӯ Шуд Дар Ҳиҷоб,

Офтоб аз рӯи ӯ шуд дар ҳиҷоб,
Сояро бошад ҳиҷоб аз офтоб.
Дасти моҳу меҳр барбандад ба ҳусн,
Моҳи бемеҳрам чу бикшояд ниқоб.
Аз хаёлам боз нашносад касе,
Гар дар оғӯшаш бубинам шаб ба хоб,
Хуни дил дар ҷом дидам аз сиришқ
Обрӯ бар бод додам аз шароб.
Ҳар киро аз дида борон нест ашк,
Зери доман бод дорад чун ҳубоб.
Аз барои бода мебояд задан
Мӯҳтасибро ҳадди бе ҳадду ҳисоб.
Ҳофизо, воиз насиҳат, гӯ, макун,
Тарки туркони Хито набвад савоб.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.