Он Шаби Қадре, Ки Гӯянд Аҳли Хилват, Имшаб Аст,

Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст,
Ё раб, ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст,
То ба гесӯи ту дасти носазоён кам расад,
Ҳар диле аз ҳалқае дар зикри «Ё раб! Ё раб» аст.
Куштаи чоҳи занаҳдони туам, к-аз ҳар тараф,
Сад ҳазораш гардани ҷон зери тавқи ғабғаб аст.
Шаҳсавори ман, ки Маҳ ойинадори рӯи ӯст,
Тоҷи хуршеди баландаш хоки наъли маркаб аст.
Акси хай бар оразаш бин, к-офтоби гармрав
Дар ҳавои он арақ, то ҳаст, ҳар рӯзаш таб аст.
Ман нахоҳам кард тарки лаъли ёру ҷоми май,
Зоҳидон, маъзур доредам, ки инам мазҳаб аст.
Андарон мавқаб, ки бар пушти сабо банданд зин,
Бо Сулаймон чун биронам, ман, ки мӯрам маркаб аст.
Оби ҳайвонаш зи минқори балоғат мечакад,
Зоғи килки ман, баномэзид, чӣ олӣ машраб аст!
Он, ки новак бар дили ман зери чашме мезанад,
Қути ҷони Ҳофизаш дар хандаи зери лаб аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.