Он Сияҳчарда, Ки Ширинии Олам Бо Ӯст,

Он сияҳчарда, ки ширинии олам бо ӯст,
Чашми майгун, лаби хандон, дили хуррам бо ӯст,
Гарчи шириндаҳанон подшаҳонанд, вале
ӯ Сулаймони замон аст, ки хотам бо ӯст.
Рӯи хуб асту камоли ҳунару домани пок,
Лоҷарам, ҳиммати покони ду олам бо ӯст.
Ҳоли мушкин, ки бад-он орази гандумгун аст,
Сирри он дона, ки шуд раҳзани Одам, бо ӯст.
Дилбарам азми сафар кард, Худоро, ёрон,
Чӣ кунам бо дили маҷрӯҳ, ки марҳам бо ӯст?
Бо кӣ ин нукта тавон гуфт, ки он сангиндил
Кушт морову дами Исии Марям бо ӯст.
Ҳофиз аз мӯътақидон аст, гиромӣ дораш,
3-он, ки бахшоиши бас рӯҳи мукаррам бо ӯст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.