Он, Ки Рухсори Туро Ранги Гулу Насрин Дод,

Он, ки рухсори туро ранги гулу насрин дод,
Сабру ором тавонад ба мани мискин дод.
В-он, ки гесӯи туро расми татовул омӯхт,
Ҳам тавонад карамаш доди мани ғамгин дод.
Ман ҳамон рӯз зи Фарҳод тамаъ бибридам,
Ки инони дили шайдо ба лаби Ширин дод.
Ганҷи зар гар набувад, ганҷи қаноат боқист,
Он, ки он дод ба шоҳон, ба гадоён ин дод.
Хуш арӯсест ҷаҳон аз раҳи сурат, лекин
Ҳар ки пайваст бад-ӯ, умри хушаш ковин дод,
Баъд аз ин дасти ману сояи сарву лаби ҷӯй,
Хоса акнун, ки сабо муждаи фарвардин дод.
Дар кафи ғуссаи даврон дили Ҳофиз хун шуд
Аз фироқи руҳат, эй хоҷа Қавомуддин, дод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.