Он, Ки Помоли Ҷафо Кард Чу Хоки Роҳам,

Он, ки помоли ҷафо кард чу хоки роҳам,
Хок мебӯсаму узри қадамаш мехоҳам.
Ман на онам, ки зи ҷаври ту бинолам, ҳошо,
Бандаи мӯътақиду чокари давлатхоҳам.
Бастаам дар хами гесуи ту уммеди дароз,
Он мабодо, ки кунад дасти талаб кӯтоҳам.
Зарраи хокаму дар кӯи туам ҷой хуш аст.
Тарсам, эй дӯст, ки боде бибарад ногоҳам,
Пири майхона саҳар ҷоми ҷаҳонбинам дод,
В-андар он оина аз ҳусни ту кард огоҳам.
Сӯфии савмааи олами қудсам, лекин,
Ҳолиё дайри муғон аст ҳаволатгоҳам.
Бо мани роҳнишин хезу сӯи майкада ой,
То дар он ҳалқа бибинӣ, ки чӣ соҳибҷоҳам.
Хушам омад, ки саҳар хусрави Ховар мегуфт,
Бо ҳама подшаҳӣ бандаи Тӯроншоҳам.
Маст бигзаштиву аз Ҳофизат андеша набуд,
Оҳ агар домани ҳусни ту бигирад оҳам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.