Он Кист К-Аз Рӯи Карам Бо Мо Вафодорӣ Кунад,

Он кист к-аз рӯи карам бо мо вафодорӣ кунад,
Бар ҷои бадкоре, чу ман, як дам накӯкорӣ кунад.
Аввал ба бонги ною най орад ба дил пайғомн вай,
В-он гаҳ ба як паймона май бо ман вафодорӣ кунад.
Дилбар, ки ҷон фарсуд аз ӯ, коми дилам накшуд аз ӯ,
Навмед натвон буд аз ӯ, бошад, ки дилдорӣ кунад,
Гуфтам: «Гиреҳ накшудаам з-он турра то ман будаам».
Гуфто: «Манаш фармудаам, то бо ту таррорӣ кунад».
Пашминапӯши тундхӯ, к-аз ишқ нашнидаст бӯ,
Аз мастияш рамзе бигӯ, то тарки ҳушёррӣ кунад.
Чун ман гадои бенишон, мушкил бувад ёре чунон,
Султон куҷо айши ниҳон бо ринди бозорӣ кунад.
3-он турраи пурпечу ҳам, саҳл аст, агар бинам ситам,
Аз банду занҷираш чӣ ғам, ҳар кас, ки айёрӣ кунад?
Шуд лашкари ғам беадад аз бахт мехоҳам мадад,
То фахри дин Абдуссамад, бошад, ки ғамхорӣ кунад.
Бо чашми пурнайранги ӯ, Ҳофиз, макун оҳанги ӯ,
К-он турраи шабранги ӯ бисёр таррорӣ кунад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.