Нуктаи Дилкаш Бигӯям Холи Он Маҳрӯ Бибин,

Нуктаи дилкаш бигӯям холи он маҳрӯ бибин,
Ақлу ҷонро бастаи занҷири он гесу бибин.
Айби дил кардам, ки ваҳшивазъу ҳарҷоӣ мабош,
Гуфт: «Чашми шергиру ғунҷи он оҳу бибин».
Ҳалқаи зулфаш тамошохонаи боди сабост,
Ҷони сад соҳибдил он ҷо бастаи як мӯ бибин.
Обидони офтоб аз дилбари мо ғофиланд,
Эй маломатгӯ, худоро, рӯ мабин, он рӯ бибин.
Зулфи дилдуздаш саборо банд бар гардан ниҳод,
Бо ҳаводорони раҳрав ҳилаи ҳинду бибин.
Ин, ки ман дар ҷустуҷӯи ӯ зи худ фориғ шудам,
Кас надидасту набинад мислаш, аз ҳар сӯ бибин.
Аз муроди шоҳ Мансур, эй фалак, сар барматоб,
Тезии шамшер бингар, қувваи бозу бибин!
Ҳофиз ар дар гӯшаи меҳроб менолад, равост,
Эй насиҳатгӯ, худоро, он хами абру бибин!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.