Нимшаб Аз Ишқ То Донӣ Чи Мегӯяд Хурӯс – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нимшаб аз ишқ, то донӣ, чи мегӯяд хурӯс!
“Хезу шабро зинда дору рӯзи равшан настакӯс!
Паррҳо барҳам занад, яъне, дареғо, хоҷаам,
Рӯзгори нозанинро медиҳад бар онамӯс!
Дар хурӯш аст он хурӯсу ту ҳаме дар хоби хуш,
Номи ӯро тайр хонӣ, номи худро асрабӯс!
Он хурӯсе, ки туро даъват кунад сӯйи Худо,
Ӯ ба сурат мурғ бошад, дар ҳақиқат ингалӯс!
Ман ғуломи он хурӯсам, к-ӯ чунин панде диҳад,
Хоки пойи ӯ биҳ ояд аз сари – Восилийус.
Гарди кафши хоки пойи Мустафоро сурма соз,
То набошӣ рӯзи ҳашр аз ҷумлаи коловирӯс.
Рав, шариъатро гузину амри Ҳақро пос дор,
Гар араб бошиву гар турку вагар сарроканӯс
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.