Нест Касро Зи Каманди Сари Зулфи Ту Халос,

Нест касро зи каманди сари зулфи ту халос,
Мекушӣ ошиқи мискину натарсӣ зи қасос.
Ошиқи сӯхтадил то ба биёбони фано
Наравад дар ҳарами ҷон, нашавад хосалхос.
Ҷон ниҳода ба миён шамъсифат аз сари сидқ,
Кардам исор тани хеш зи рӯи ихлос.
Ба ҳаводориву ихлос чу парвона зи шавқ
То насӯзӣ, ту наёбӣ зи ғами ишқ халос.
Кимиёи ғами ишқи ту тани хокии ман
Зари холис кунад, арчанд бувад ҳам чу расос.
Оташе дар дили девонаи мо афкандӣ,
Ки чу гардем ҳамеша ба ҳавоят раққос.
Қимати дурри гаронмоя надонанд авом,
Ҳофизо, гавҳари якдона мадеҳ ҷуз ба хавос.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.