На Танҳо Ман Гирифторам Ба Доми Зулфи Зебое,

На танҳо ман гирифторам ба доми зулфи зебое,
Ки ҳар кас бо дилороме саре доранду савдое!
Қарини ёри зеборо чӣ парвои чаман бошад?
Ҳазорон сарви бӯстонй фидои сарвболое!
Маро нисбат ба шайдоӣ кунад моҳи парипайкар,
Ту дил бо хештан дорй, чӣ донӣ ҳоли шайдое?
Ҳамедонам, ки фарёдам ба гӯшаш мерасад, лекин
Чӣ ғам осудахотирро зи ҳоли ношикебое?
Агар Фарҳодро ҳосил нашуд пайванд бо Ширин,
На охир ҷони ширинаш баромад дар таманное?
Хирад бо ишқ мекӯшад, ки вайро дар каманд орад,
Валекин барнамеояд заифе бо тавоное.
Маро вақте зи наздикон маломат сахт меомад,
Натарсам дигар аз борон, ки афтодам ба дарёе!
Ту хоҳӣ хашм бар мо гиру хоҳй чашм бар мо кун,
Ки моро бо касе дигар намондаст аз ту парвое!
Напиндорам, ки Саъдиро биёзорию бигзорӣ,
Ки баъд аз сояи лутфат надорад дар ҷаҳон ҷое!
Ман он хоки вафодорам, ки аз ман бӯи меҳр ояд,
В-агар бодам барад чун хок ҳар ҷузве ба ақсое!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.