На Он Шерам Ки Бо Душман Бароям – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

На он шерам, ки бо душман бароям,
Маро ин бас, ки ман бо ман бароям!
Чу хоки пойи ишқам, ту яқин дон,
К-аз ин гил чун гулу савсан назоям!
Сияҳпӯшам чу шаб ман аз ғами ишқ
В-аз ин шаб чун маҳи равшан бароям!
Аз ин оташ чу дудам ман саросар,
Ки то чун дуд аз ин равзан бароям!
Манам тифле, ки ишқам устод аст,
Бинагзорад, ки ман кавдан бароям!
Шавам чун ишқ дойим ҳаййи қайюм,
Чу ман аз хобу аз хӯрдан бароям!
Ҳало, тан зан чу Бӯбакри рубобӣ,
Ки то ман ҷон шавам в-аз тан бароям!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.