Нақди Сӯфӣ На Ҳама Софии Беғаш Бошад,

Нақди сӯфӣ на ҳама софии беғаш бошад,
Эй басо хирқа, ки муставҷиби оташ бошад.
Сӯфии мо, ки зи вирди саҳарӣ маст шудӣ,
Шомгоҳаш нигарон бош, ки сархуш бошад.
Хуш бувад, гар маҳақи таҷриба ояд ба миён,
То сияҳрӯй шавад ҳар кӣ дар ӯ ғаш бошад.
Хати соқӣ гар аз ин гуна занад нақш бар об,
Эй басо рух, ки ба хуноба мунаққаш бошад.
Нозпарварди танаъум набарад роҳ ба дӯст,
Ошиқӣ шеваи риндони балокаш бошад.
Ғами дунёи данӣ чанд хӯрӣ, бода бихӯр,
Ҳайф бошад дили доно, ки мушавваш бошад.
Далқу саҷҷодаи Ҳофиз бибарад бодафурӯш,
Гар шаробаш зи кафи соқии маҳваш бошад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.