Нафас Баромаду Ком Аз Ту Барнамеояд,

Нафас баромаду ком аз ту барнамеояд,
Фиғон, ки бахти ман аз хоб дарнамеояд.
Сабо ба чашми ман андохт хоке аз кӯяш,
Ки оби зиндагиям дар назар намеояд.
Қади баланди туро то ба бар намегирам,
Дарахти кому муродам ба бар намеояд.
Магар ба рӯи дилорои ёри мо вар не,
Ба ҳеҷ ваҷҳи дигар кор барнамеояд.
Муқими зулфи ту шуд дил, ки хуш саводе дид
В-аз он ғариби балокаш хабар намеояд.
Зи шасти сидқ кушодам ҳазор тири дуо,
Вале чӣ суд яке коргар намеояд.
Басам ҳикояти дил ҳаст бо насими саҳар,
Вале ба бахти ман имшаб саҳар намеояд.
Дар ин хаёл ба сар шуд замони умру ҳанӯз
Балои зулфи сиёҳат, ба сар намеояд.
Зи баски шуд дили Ҳофиз рамида аз ҳама кас,
Кунун зи ҳалқаи зулфат бадар намеояд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.