Насиҳате Кунамат, Бишнаву Баҳона Магир,

Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чӣ носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир,
Зи васли рӯи ҷавонон таматтуе бардор,
Ки дар камингаҳи умр аст макри олами пир.
Наими ҳар ду ҷаҳон пеши ошиқон ба ҷаве
Ки ин матои қалил асту он атои касир.
Муошире хушу рӯде ба соз мехохам,
Ки дарди хеш бигӯям ба нолаи баму зер.
Бар он сарам, ки нанӯшам маю гунаҳ накунам,
Агар мувофиқи тадбири ман шавад тақдир.
Чу қисмати азалӣ бе ҳузури мо карданд,
Гар андаке на ба вақфи ризост, хурда магир.
Чу лола дар қадаҳам рез, соқиё, маю мушк,
Ки нақши холи нигорам намеравад зи замир,
Биёр соғари дурри хушоб, эй соқӣ,
Ҳасуд гӯ: карами осафӣ бибину бимир!
Ба азми тавба ниҳодам қадаҳ зи каф сад бор,
Вале карашмаи соқӣ намекунад тақсир.
Маи дусолаву маҳбуби чордаҳсола,
Ҳамин бас аст маро сӯҳбати сағиру кабир.
Дили рамидаи моро кӣ пеш мегирад?
Хабар дихед ба Мачнуни хаста аз занчир.
Ҳадиси тавба дар ин базмгаҳ магӯ, Ҳофиз,
Ки соқиёни камонабрӯят зананд ба тир.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.