Намози Шоми Ғарибон Чу Гиря Оғозам,

Намози шоми ғарибон чу гиря оғозам,
Ба мӯяҳои ғарибона қисса пардозам.
Ба ёди ёру диёр он чунон бигирям зор,
Ки аз ҷаҳон раҳу расми сафар барандозам.
Манн аз диёри ҳабибам, на аз билоди ғариб,
Муҳаймино, ба рафиқони худ расон бозам.
Худойро, мададе, эй рафиқи раҳ, то ман
Ба кӯи майкада дигар алам барафрозам.
Хирад зи пирии ман кай ҳисоб баргирад,
Ки боз бо санами тифл ишқ мебзам?
Ба ҷуз сабову шамолам намешиносад кас,
Азизи ман, ки ба ҷуз бод нест дамсозам.
Ҳавои манзили ёр оби зиндагонии мост,
Сабо, биёр насиме зи хоки Шерозам.
Сиришкам омаду айббам бигуфт рӯй ба рӯй,
Шикоят аз кӣ кунам, хонагист ғаамозам.
Зи ҷанги Зӯҳра шунидам, ки субҳдам мегуфт,
Ғуломи Ҳофизи хушлаҳҷаи хушовозам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.