Мусулмонон, Маро Вақте Диле Буд,

Мусулмонон, маро вақте диле буд,
Ки бо вай гуфтамӣ, гар мушкиле буд.
Ба гирдобе чу меафтодам аз ғам,
Ба тадбираш умеди соҳиле буд.
Диле ҳамдарду ёре маслиҳатбин,
Ки истизҳори ҳар аҳли диле буд.
Зи ман зоеъ шуд андар кӯи ҷонон,
Чӣ домангир, ё раб, манзиле буд.
Ҳунар беайби ҳирмон нест, лекин
Зи ман маҳрумтар кай соиле буд?
Бар ин ҷони парешон раҳмат оред,
Ки вақте кордоне, комиле буд.
Маро то ишқ таълими сухан кард,
Ҳадисам нуктаи ҳар маҳфиле буд.
Магӯ дигар, ки Ҳофиз нуктадон аст,
Ки мо дидему махкам ҷоҳиле буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.