Муждаи Васли Ту Ку, К-Аз Сари Ҷон Бархезам

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам
Тоири қудсаму аз доми ҷаҳон бархезам.
Ба валои ту, ки гар бандаи хешам хонӣ,
Аз сари хоҷагии кавну макон бархезам.
Ё раб, аз абри ҳидоят бирасон бороне,
Пештар з-он, ки чу гарде зи миён бархезам.
Бар сари турбати ман бо маю мутриб бинишин,
То ба бӯят зи лаҳад рақскунон бархезам.
Хезу боло бинамо, эй бути ширннҳаракот,
К-аз сари ҷону ҷаҳон дастфишон бархезам.
Гарчи пирам, ту шабе, танг дар оғӯшам каш,
То саҳаргаҳ зи канори ту ҷавон бархезам.
Рӯзи маргам нафасе мӯҳлати дидор бидеҳ,
То чу Ҳофиз зи сари ҷону ҷаҳон бархезам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.