Мудомам Маст Медорад Насими Ҷаъди Гесуят,

Мудомам маст медорад насими ҷаъди гесуят,
Харобам мекунад ҳар дам фиреби чашми ҷодуят.
Пас аз чандин шикебоӣ шабе, ё раб, тавон дидан,
Ки шамъи дида афрӯзем дар меҳроби абрӯят.
Саводи лавҳи бинишро азиз аз баҳри он дорам,
Ки ҷонро нусхае бошад зи лавҳи холи ҳиндӯят.
Ту гар хоҳӣ, ки ҷовидон ҷаҳон яксар биёроӣ,
Саборо гӯ, ки бардорад замоне бурқа аз рӯят.
В-агар расми фано хоҳӣ, ки аз олам барандозӣ,
Барафшон, то фурӯ резад ҳазорон ҷон зи ҳар мӯят.
Ману боди сабо мискин, ду саргардони беҳосил,
Ман аз афсуни чашми масту ӯ аз бӯи гесӯят.
Зиҳӣ ҳиммат, ки Ҳофизрост аз дунёву аз уқбо,
Наёяд ҳеч дар чашмаш ба ҷуз хоки сари кӯят.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.