Муборактар Шабу Хуррамтарин Рӯз,

Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,
Ба истиқболам омад бахти фирӯз!
Дуҳулзан гӯ: ду навбат зан башорат,
Ки дӯшам қадр буд, имрӯз – Наврӯз!
Маҳ аст он ё малак ё одамизод?
Туӣ ё офтоби оламафрӯз?
Надонистй, ки зиддон дар каминанд,
Накӯ кардӣ алорағми бадомӯз!
Маро бо дӯст, эй душман, висол аст,
Туро гар дил нахоҳад, дида бардӯз!
Шабон, донам, ки аз дарди фироқат
Наёсудаст зи фарёди ҷаҳонсӯз.
Аз он торикии шабҳои хилват
Фитода дар ҳадиси маи чунин сӯз.
Гар он шабҳои боваҳшат набудӣ,
Намедонист Саъдӣ қадри имрӯз!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.