Мо Шабе Даст Барорему Дуое Бикунем,

Мо шабе даст барорему дуое бикунем,
Ғами ҳиҷрони туро чора зи ҷое бикунем,
Дили бемор шуд аз даст, рафиқон, мададе,
То табибаш ба сар орему давое бикунем.
Он, ки бе ҷурм биранҷиду ба теғам заду рафт,
Бозаш оред, худоро, ки сафое бикунем.
Хушк шуд бехи тараб, роҳи харобот куҷост?
То дар он обу ҳаво нашъунамое бикунем.
Мадад аз хотири риндон талаб, эй дил, в-арна
Кори саъб аст, мабодо, ки хатое бикунем!
Сояи тоири камҳавсала коре накунад,
Талаб аз сояи маймуни ҳумое бикунем.
Дилам аз парда бишуд, Ҳофизи хушлаҳҷа куҷост
То ба қавлу ғазалаш созу навое бикунем?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.