Мо Беғамони Маст Дил Аз Даст Додаем,

Мо беғамони маст дил аз даст додаем,
Ҳамрози ишқу ҳамнафаси ҷоми бодаем.
Бар мо басе камони маломат кашидаанд,
То кори худ зи абруи ҷонон кушодаем.
Эй гул, ту дӯш доғи сабӯҳӣ кашидаӣ,
Мо он шақоиқем, ки бо доғ зодаем.
Пири муғон зи тавбаи мо гар малул шуд,
Гӯ, бода соф кун, ки ба узр истодаем.
Кор аз ту меравад, мададе, эй далели роҳ,
К-инсоф медиҳему зи роҳ уфтодаем.
Чун лола май мабину қадаҳ дар миёни кор,
Ин доғ бин, ки бар дили хунин ниҳодаем.
Гуфтӣ, ки:—Ҳофиз, ин ҳама рангу хаёл чист
Нақши ғалат мабин, ки ҳамон лавҳи содаем.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.