Моро Биҳишт Сӯҳбати Ёрони Ҳамдам Аст

Моро биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст!
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бар сар барӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил ои дам аст!
На ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад одамист,
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.
Он аст одамӣ, ки дар ӯ ҳусни сират аст,
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.
Ҳарг из ҳасад набурдаву ҳасрат нахӯрдаам,
Ҷуз бар ду рӯи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст.
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бӯи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.
В-он сангдил, ки дида бидӯзад зи рӯи хуб,
Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ нек маҳкам аст!
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ
В-ар ҳаст, дар муҷовираз и ёри маҳрам аст.
Гар хуни тоза меравад аз реши аҳли дил,
Дидори дӯстон, ки бубинанд, марҳам аст!
Дунё хуш асту мол азиз асгу тан – шариф,
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқадцам аст!
Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба рӯи дӯст ҳамарӯза хуррам аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.