Мефиган Бар Сафи Риндон Назаре Беҳтар Аз Ин,

Мефиган бар сафи риндон назаре беҳтар аз ин,
Бар дари майқада мекун гузаре баҳтар аз ин.
Дар ҳақи ман лабат ин лутф, ки мефармояд,
Сахт хуб аст, валекин қадаре беҳтар аз ин.
Он, ки фикраш гиреҳ аз кори ҷаҳон бикшояд,
Гӯ: «Дар ин кор бифармо назаре беҳтар аз ин
Носеҳам гуфт, ки: «Ҷуз ғам чӣ ҳунар дорад ишқ?»
Бирав, эй ҳоҷаи оқил, ҳунаре беҳтар аз ин?
Дил бад-он руди гиромӣ, чӣ кунам, гар надиҳам?
Модари даҳр назояд писаре баҳтар аз ин.
Ман чу гӯям, ки қадаҳ нӯшу лаби соқӣ бӯс,
Бишнав аз ман, ки нагӯяд дигаре беҳтар аз ин
Килки Ҳофиз шакаринмева наботест, бичин,
Ки дар ин боғ набинӣ самаре беҳтар аз ин.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.