Махусб Ай Ёри Миҳмондор Имшаб – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Махусб, ай ёри миҳмондор, имшаб,
Ки ту рӯҳиву мо бемор имшаб!
Бурун кун хобро аз чашми асрор,
Ки то пайдо шавад асрор имшаб!
Агар ту Муштарийӣ, гирди маҳ гард,
Ба гирди гунбади даввор имшаб!
Шикори Насри Тойирро ба гардун
Чу ҷони Ҷафъари Тайёр имшаб!
Туро Ҳақ дод сайқал, то зудойӣ
Зи ҳаҷри азрақи зангор имша!
Биҳамдуллаҳ, ки халқон ҷумла хуфтанд
Ва ман бо Холиқам бар кор имшаб!
Зиҳӣ карру фару иқболи бедор,
Ки Ҳақ бедору мо бедор имшаб!
Агар чашмам бихусбад то саҳаргоҳ,
Зи чашми худ шавам безор имшаб!
Агар бозор холӣ шуд, ту бингар
Ба Роҳи Каҳкашон бозор имшаб!
Шаби мо рӯзи он исторагон аст,
Ки дартобид дар дидор имшаб!
Асад бар Савр-бар тозад ба ҳамла,
Аторуд барниҳад дастор имшаб!
Зуҳал пинҳон бикорад тухми фитна,
Бирезад Муштарӣ динор имшаб!
Хамуш кардам, забон бастам, валекин
Манам гӯёи бегуфтор имшаб!

Hits: 2

:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.