Маст Расид Он Бути Бебоки Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Маст расид он бути бебоки ман,
Дурдкашу дилхушу чолоки ман!
Гуфт: «Ба ман бингару дилшод шав,
Ҳеч ба худ мангар, ғамноки ман!
З-обу гил ин дидаи ту пургил аст,
Пок кунаш дар назари поки ман!».
Даст бизад, хирқаи ман чок кард,
Гуфт: «Мазан бахя бар-ин чоки ман!».
Рӯй чу бар хок ниҳодам, бигуфт:
«Пок макун рӯйи худ аз хоки ман!
Ай манат оварда, манат мебарам,
З-он ки манам шеру ту шишоки ман!
Нафт задам дар туву месӯз хуш,
Лек сияҳ менакунад зоки ман!».
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.