Марҳабо, Тоири Фаррухпаи Фархундапаём,

Марҳабо, тоири фаррухпаи фархундапаём,
Хайра мақдам, чӣ хабар, дӯст куҷо, роҳ қадом?
Ё раб, ин қофиларо лутфи азал бадрақа бод,
Ки аз ӯ хасм ба дом омаду маъшуқа ба ком.
Моҷарои ману маъшуқи маро поён нест,
Ҳар чӣ оғоз надорад, напазирад анҷом.
Гул зи ҳад бурд танаъум, нафасе рух бинамо,
Сарв менозаду хуш нест, худоро, бихиром!
Зулфи дилдор чу зуннор ҳамефармояд,
Бирав, эй шайх, ки шуд бар тани мо хирқа ҳаром!
Мурғи рӯҳам, ки ҳамезад зи сари сидра сафир,
Оқибат донаи холи ту фигандаш дар дом.
Чашми бемори маро хоб на дархӯр бошад,
Ман лаҳу яқтулу доун данафун кайфа яном.
Ту тараҳҳум накунӣ бар мани мухлис, гуфтам:
Зока даъвои ва ҳо анта ва тилка-л-айём.
Ҳофиз ар майл ба абрӯи ту дорад, шояд,
Ҷой дар гӯшаи меҳроб кунанд аҳли калом.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.