Маро Чашмест Хунафшон Зи Дасти Он Камонабрӯ,

Маро чашмест хунафшон зи дасти он камонабрӯ,
Ҷаҳон бас фитна хоҳад дид аз он чашму аз он абрӯ.
Ғуломи чашми он туркам, ки дар хоби хуши мастӣ
Нигорин гулшанаш рӯясту мушкин соябон-абрӯ.
Ҳилоле шуд танам з-ин ғам, ки бо туғрои абрӯяш
Кӣ бошад маҳ, ки бинмояд зи тоқи осмон абрӯ?
Рақибон ғофилу моро аз он чашму ҷабин ҳар дам
Ҳазорон гуна пайғом асту ҳоҷиб дар миён абрӯ.
Равони гӯшагиронро ҷабинаш турфа гулзорест,
Ки бар тарфи суманзораш ҳамегардад чамон абрӯ
Дигар ҳуру париро кас нагӯяд бо чунон ҳусне,
Ки инро инчунин чашм асту онро ончунон абрӯ!
Ту, кофирдил, намебандӣ ниқоби зулфу метарсам,
Ки меҳробам бигардонад хами он дилситон абрӯ.
Агарчи мурғи зирак буд Ҳозиф дар ҳаводорӣ,
Ба тири ғамза сайдаш кард чашми он камонабрӯ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.