Маро Меҳри Сиёҳчашмон Зи Сар Берун Нахоҳад Шуд,

Маро меҳри сиёҳчашмон зи сар берун нахоҳад шуд,
Қазои осмон аст ину дигаргун нахоҳад шуд.
Рақиб озорҳо фармуду ҷои оштӣ нагзошт,
Магар оҳи саҳархезон сӯи гардун нахоҳад шуд?
Маро рӯзи азал коре ба ҷуз риндӣ нафармуданд,
Ҳар он қисмат, ки он ҷо рафт, аз он афзун нахоҳад шуд.
Худоро, мӯҳтасиб, моро ба фарёди дафу най бахш,
Ки сози шаръ аз ин афсона беқонун нахоҳад шуд.
Маҷоли ман ҳамин бошад, ки пинҳон меҳри ӯ варзам.
Қанори бӯсу оғӯшаш чӣ гӯям, чун нахоҳад шуд?
Шароби лаълу ҷои амну ёри меҳрубон соқӣ,
Дило, кай беҳ шавад корат, агар акнун нахоҳад шуд?
Машӯй, эй дида, нақши ғам зи лавҳи синаи Ҳофиз,
Ки захми теғи дилдор асту ранги хун нахоҳад шуд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.