Маро Мебиниву Ҳар Дам Зиёдат Мекунӣ Дардам,

Маро мебиниву ҳар дам зиёдат мекунӣ дардам,
Туро мебинаму майлам зиёдат мешавад ҳар дам.
Зи сомонам намепурсӣ, намедонам чӣ сир дорӣ,
Ба дармонам намекӯшӣ, намедонӣ магар дардам?
На роҳаст ин, ки бигзорӣ маро бар хоку бигрезӣ,
Гузорам ору бозам пурс, то хоки раҳат гардам.
Надорам дастат аз доман, ба ҷуз дар хоку он дам ҳам,
Чу бар хокам равон гардӣ, бигирад доманат гардам.
Фурӯ рафт аз ғами ишқат дамам, дам медиҳӣ то кай?
Димор аз ман баровардӣ намегӯй баровардам.
Шабе дилро ба торикӣ зи зулфат боз меҷустам,
Рухат медидаму ҷоми ҳилолӣ боз мехӯрдам.
Кашидам дар барат ногоҳу шуд дар тоб гесӯят,
Ниҳодам бар лабат лаброву ҷону дил фидо кардам.
Ту хуш мебош бо Ҳофиз бирав, гӯ, хасм ҷон медеҳ,
Чу гармӣ аз ту мебинам чӣ бок аз хасми дамсардам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.