Ман Чу Дар Гӯр – Дарун Хуфта Ҳамефарсоям – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман чу дар гӯр – дарун хуфта ҳамефарсоям,
Чу биёйӣ ба зиёрат, сара берун оям!
Нафхи сури маниву маҳшари ман, пас чӣ кунам?!
Мурдаву зинда бад-он ҷо, ки туйӣ, он ҷоям!
Масали нойи ҷамодему хамуш бе лаби ту,
Чи навоҳо занам он дам, ки даме дарн-оям?!
Чун наёбам маҳи рӯят, сари худ мебандам,
Чун наёбам лаби нӯшат, кафи худ мехоям!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.