Ман Он Шаби Сиёҳам К-Аз Моҳ Хашм Кардам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман он шаби сиёҳам, к-аз моҳ хашм кардам,
Ман он гадойи урам, к-аз шоҳ хашм кардам!
Аз лутфам он ягона мехонд сӯйи хона,
Кардам яке баҳона в-аз роҳ хашм кардам!
Гар сар кашад нигорам в-ар ғам барад қарорам,
Ҳам оҳ барнаёрам, аз оҳ хашм кардам!
Гоҳам фирефт бо зар, гоҳам ба ҷоҳу лашкар,
Аз зар чу зар биҷастам в-аз ҷоҳ хашм кардам!
З-оҳанрабойи аъзам, ман оҳанам, гурезон,
В-аз каҳрабойи олам, ман – коҳ, хашм кардам!
Мо зарраем саркаш аз чору панҷу аз шаш,
Худ панҷу шаш кӣ бошад, з-Аллоҳ хашм кардам!
Инро ту барнатобӣ, зеро буруни обӣ,
Гар шабҳи офтобӣ, з-ашбоҳ хашм кардам!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.