Ман Кӣ Бошам, Ки Бар Он Хотири Отир Гузарам,

Ман кӣ бошам, ки бар он хотири отир гузарам,
Лутфҳо мекунӣ, эй хоки дарат тоҷи сарам!
Дилбаро, банданавозит кӣ омӯхт, бигӯ,
Ки ман ин занн ба рақибони ту ҳаргиз набарам.
Ҳимматам бадрақаи роҳ кун, эй тоири қудс,
Ки дароз аст раҳи мақсаду ман навсафарам.
Эй насими саҳарӣ, бандагии ман бирасон,
Гӯ, фаромӯш макун, вақти дуои саҳарам.
Хуррам он рӯз, к-аз ин марҳала барбандам бор,
В-аз сари кӯи ту пурсанд рафиқон хабарам.
Пояи назм баланд асту ҷаҳонгир, бигӯ:
То кунад подшаҳи баҳр даҳон пургуҳарам.
Ҳофизо, шояд агар дар талаби гавҳари васл
Дида Дарё кунам аз ашку дар ӯ ғӯта хӯрам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.