Ман, Ки Аз Оташи Дил Чун Хуми Май Дар Ҷушам,

Ман, ки аз оташи дил чун хуми май дар ҷушам,
Мӯҳр бар лаб зада, хун мехӯраму хомӯшам,
Қасди ҷон аст тамаъ дар лаби ҷонон кардан,
Ту маро бин, ки дар ин кор ба ҷон мекӯшам.
Ман кай озод шавам аз ғами дил, чун ҳар дам
Ҳиндуи зулфи буте ҳалқа кунад дар гӯшам?
Хошалиллаҳ, ки наям мӯътақиди тоати хеш,
Ин қадар ҳаст, ки гаҳ-гаҳ қадаҳе менӯшам.
Ҳаст умедам, ки ал-ар-рағми адӯ рӯзи ҷазо,
Файзи афваш наниҳад бори гунаҳ бар дӯшам.
Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
Ман чаро мулки ҷаҳонро ба ҷаве нафрӯшам?
Хирқапӯшии ман аз ғояти диндорӣ нест,
Пардае бар сари сад айби ниҳон мепӯшам.
Ман, ки хоҳам, ки нанӯшам ба ҷуз аз ровақи хум,
Чӣ кунам, гар сухани пири муғон нанюшам?
Гар аз ин даст занад мутриби маҷлис раҳи ишқ,
Шеъри Ҳофиз бибарад вақти самоъ аз ҳушам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.