Ман Бад-Ин Хубию Зебоӣ Надидам Рӯйро,

Ман бад-ин хубию зебоӣ надидам рӯйро,
В-ин диловезию дилбандй набошад мӯйро!
Рӯй агар пинҳон кунад сангиндили симинбадан,
Мушк гаммоз аст, натвонад нуҳуфтан бӯйро!
Эй мувофиқсурату маънӣ, ки то чашми ман аст,
Аз ту зеботар надидам рӯю хуштар хӯйро!
Гар ба сар мегардам аз бечорагӣ, айбам макун,
Чун ту чавгон мезанӣ, ҷурме набошад гӯйро.
Ҳар киро вақте даме будасту дарде сӯхтаст,
Дӯст дорад нолаи мастону ҳою ҳуйро.
Мо маломатро ба ҷон ҷӯем дар бозори ишқ,
Кунҷи хилват порсоёни саломатҷӯйро!
Бӯстонро ҳеҷ дигар дарнамебояд ба ҳусн,
Балки сарве чун ту мебояд канори ҷӯйро.
Эй гули хушбӯй, агар сад қарн боз ояд баҳор,
Мисли ман дигар набинӣ булбули хушгӯйро!
Саъдиё, гар бӯса бар дасташ намеёрӣ ниҳод,
Чора он донам, ки дар пояш бимолӣ рӯйро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.