Ман Аз Он Рӯз, Ки Дар Банди Туам, Озодам!

Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам!
Подшоҳам, чу ба дасти ту асир афтодам!
Ҳама ғамҳои ҷаҳон ҳеҷ асар менакунад
Дар ман, азбаски ба дидори азизат шодам!
Хуррам он рӯз, ки ҷон меравад андар талабат,
То биёянд азизон ба муборакбодам!
Ман, ки дар ҳеҷ мақоме назадам хаймаи унс
Пеши ту рахт бияфкандаму дил бинҳодам.
Донӣ, аз давлати васлат чӣ тамаъ медорам:
Ёди ту маслиҳати хеш бибурд аз ёдам.
Ба вафои ту, к-аз он рӯз, ки дилбанди манӣ,
Дил бибастам ба вафои туву дар накшодам!
То хаёли қаду болои ту дар чашми ман аст,
Гар халоиқ ҳама сарванд, чу сарв озодам!
Ба сухан рост наёяд, ки чӣ ширинсуханӣ,
В-ин аҷабтар, ки ту Ширинию ман Фарҳодам!
Дастгоҳе на, ки дар пои ту резам чун хок,
Ҳосил он аст, ки чун табли тиҳӣ пурбодам.
Менамояд, ки ҷафои фалак аз доманӣ дил,
Даст кӯтаҳ накунад, то наканад бунёдам.
Дилам аз сӯҳбати Шероз ба куллӣ бигирифт,
Вақти он аст, ки пурсӣ хабар аз Багдодам!
Ҳеҷ шак нест, қи фарёди ман он ҷо бирасад,
Аҷаб, ар Соҳиби девон, нарасад фарёдам!
Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам!»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.