Ман Аз Дасти Камондорони Абрӯ

Ман аз дасти камондорони абрӯ
Намеорам гузар кардан ба ҳар сӯ.
Ду чашмам хира шуд аз рӯшноӣ,
Надонам, қурси хуршед аст ё рӯ?
Биҳишт аст он, ки ман дидам, на рухсор!
Каманд аст он, ки ӯ дорад, на гесӯ!
Лабони лаъл – чун хуни кабӯтар,
Саводи зулф – чун парри парасту.
На он сарпанҷа дорад шӯхи айёр,
Ки бо ӯ бартавон омад ба бозу.
Ҳама ҷон хохад аз ушшоқи мушток,
Надорад санги кӯчак дар тарозу.
Ғарибе сахт матбӯъ уфтодаст
Ба Туркистони рӯяш холи ҳинду!
Аҷаб, гар дар чаман бар пой хезад,
Ба пешаш сарв биншинад ба зону.
Лаби хандони ширинмантиқашро
Нашояд гуфт ҷуз Заҳҳоки ҷоду.
В-агар биншинад андар маҳфили ом,
Дусад фарёд бархезад зи ҳар сӯ.
Ба ёди рӯи гулфоми гуландом
Ҳама шаб хор дорам зери паҳлӯ.
Таҳаммул кун ҷафои ёр, Саъдӣ,
Ки ҷаври некувон занбест маъфу!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.