Манам, Ки Шӯҳраи Шаҳрам Ба Ишқ Варзидан,

Манам, ки шӯҳраи шаҳрам ба ишқ варзидан,
Манам, ки дида наёлудаам ба бад дидан.
Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,
Ки дар тариқати мо кофарист ранҷидан.
Ба пири майкада гуфтам, ки: — «Чист роҳи наҷот?»
Бихост ҷоми маю гуфт: «Роз пӯшидан».
Муроди дил зи тамошои боғи олам чист?
Ба дасти мардуми чашм аз рухи ту гул чидан.
Ба майпарастӣ аз он нақши худ задам бар об,
Ки то хароб кунам нақши худ парастидан.
Ба раҳмати сари зулфи ту восиқам в-арна,
Кашиш чу набвад аз он сӯ, чӣ суд кӯшидан.
Инон ба майкада хоҳем тофт з-ин маҷлис.
Ки ваъзи беамалон воҷиб аст нашнидан.
Зи хатти ёр биёмӯз меҳр бо рухи хуб,
Ки гирди орази хубон хуш аст гардидан.
Мабӯс чуз лаби соқиву ҷоми май, Ҳофиз,
Ки дасти зӯҳдфурӯшон хатост бӯсидан.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.