Манам, Ки Дида Ба Дидори Дӯст Кардам Боз,

Манам, ки дида ба дидори дӯст кардам боз,
Чн шукр гӯямат эй корсози банданавоз?
Ниёзманди бало, гӯ, рух аз ғубор машӯй,
Ки кимиёи мурод аст хоки кӯи ниёз.
Зи мушкилоти тариқат инон матоб, эй дил,
Ки марди роҳ наяндешад аз нишебу фароз.
Таҳорат ар на ба хуни ҷигар кунад ошиқ,
Ба қавли муфтии ишқаш дуруст нест намоз.
Дар ин мақоми маҷозӣ ба ҷуз пиёла магир,
Дар ин сарочаи бозича ғайри ишқ мабоз.
Ба ними бӯса дуое бихар зи аҳли диле,
Ки қайди душманат аз ҷону ҷисм дорад боз.
Фиганд замзамаи ишқ дар Ҳичозу Ироқ
Навои бонги ғазалҳои Ҳофиз аз Шероз.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.