Манам, Ки Аз Ту Ҳамин Қонеъам Ба Як Назаре,

Манам, ки аз ту ҳамин қонеъам ба як назаре,
Туӣ, ки меравиву сӯи мо наменигарӣ.
Зи ҳаҷру васли ту дар ҳайратам, чӣ чора кунам?
Ки дар даруни дилу ҷону ғоиб аз назарӣ,
Маро дар ин зуламот он, ки раҳнамунӣ кард,
Ниёзи нимишабӣ буду гиряи саҳарӣ.
Зи ман ба ҳазрати Осаф кӣ мебарад пайғом
Ки ёд гир ду мисраъ зи ман ба назми дарӣ:
Кулоҳи сарварият каҷ мабод бар сари ҳусн,
Ки зеби бахту сазовори тахту тоҷи сарӣ.
Мудом Ҳофизи дилхаста бандаи дари туст,
Чаро зи роҳи талаттуф дар ӯ наменигарӣ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.