Лиллаҳулҳамд, Ки Ёрам Зи Сафар Бозомад,

Лиллаҳулҳамд, ки ёрам зи сафар бозомад,
Шоду хуррам зи дари аҳли назар бозомад,
Ба аларрағми рақиб он, ки ҳама умри дароз,
Дур буд аз назари мо, ба назар бозомад.
Ёри берунии мо аз дари арбоби дарун,
Давлате буд, ки як бори дигар бозомад.
Аз фироқаш дили мо дар хатаре буд азим,
Ҳиммате дор, ки ҷонам зи хатар бозомад.
Ошиқи бедилу мискин, ки дилу ҷон шуд аз ӯ,
Дили ранҷур аз ин шаҳду шакар бозомад.
То гирифт аз лаби чун шаҳди ту ҷон чошнияш,
Гар ба по рафт, зи кӯи ту ба сар бозомад.
Сафари кӯи ту чун Ҳофизи пурдард гузид,
Аз ғами ғурбату аз ранҷи сафар бозомад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.