Ишқ Ҷуз Давлату Иноят Нест – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ишқ ҷуз давлату иноят нест,
Ҷуз кушоди дилу ҳидоят нест!
Ишқро Бӯҳанифа дарс накард,
Шофиъиро дар ӯ ривоят нест!
Лояҷузу яҷуз то аҷал аст,
Илми ушшоқро ниҳоят нест!
Ошиқон ғарқаанд дар шакароб,
Аз шакар Мисрро шикоят нест!
Ҷони махмур чун нагӯяд шукр
Бодаеро, ки ҳадду ғоят нест?!
Ҳар киро пурғаму туруш дидӣ,
Нест ошиқ ва з-он вилоят нест!
Гар на ҳар ғунча пардаи боғест,
Ғайрату рашкро сироят нест!
Мубтадо бошад андар ин раҳ ишқ,
Он, ки ӯ воқиф аз бидоят нест!
Нест шав, нест аз худӣ, зеро
Батар аз ҳастият ҷиноят нест!
Ҳеч роъӣ машав, раъийят шав,
Роъие ҷуз сади риъоят нест!
Бас будӣ бандаро кафобиллаҳ,
Лекаш ин донишу кифоят нест!
Гӯяд: “Ин мушкилу киноёт аст!”,
Ин сареҳ аст, ин киноят нест!
Пойи кӯре ба кӯзае барзад,
Гуфт: “Фаррошро виқоят нест!”
Кӯзаву коса чист бар сари раҳ?!
Роҳро з-ин хазаф нақоят нест?!
Кӯзаҳоро зи роҳ баргиред,
Ё ки фаррош дар сиъоят нест!
Гуфт: “Ай кӯр, кӯза бар раҳ нест,
Лек бар раҳ туро дироят нест!
Раҳ раҳо кардайӣ, суйи кӯза
Меравӣ, он ба ҷуз ғавоят нест!”
Хоҷа, ҷуз мастии ту дар раҳи дин
Ояте з-ибтидову ғоят нест!
Оятӣ туву толиби оят,
Биҳ зи оятталаб худ оят нест!
Бераҳӣ, варна дар раҳи кӯшиш
Ҳеч кӯшанда беҷароят нест!
Чунки мисқоли зарратин йараҳ аст,
Зарраи зилла беникоят нест!
Зарраи хайр бе кушоде нест,
Чашм бикшо, агар амоят нест!
Ҳар наботе нишонии об аст,
Чист, к- онро аз ӯ ҷабоят нест?!
Бас кун, ин обро нишониҳост,
Ташнаро ҳоҷати васоят нест!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.