Ишқ Хомуш Турфатар Ё Нуктаҳои Чанг – Чанг – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ишқ хомуш турфатар ё нуктаҳои чанг – чанг!
Оташи сода аҷабтар ё рухи ман ранг – ранг?!
Барқи он рухро чи нисбат бо рухони зард – зард?!
Тунги шаккарро чи нисбат бо дили бас танг – танг?!
Маҳ барои Муштарӣ бар тахти дил, бар тахти – дил,
Сад ҳазорон ҷони ҳайрон гирди тахташ данг – данг!
Кӯҳи Тури ҷонҳо савдои ӯ, савдои ӯ,
Андар он куҳ баҳри лаълаш меҷаҳад ҷон санг – санг.
Сайқали ишқи варо бигзин, ки то з-ойинаат
Зуд биздояд ба лутфи хештан ӯ ранг – ранг!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.