Ин Ки Ту Дорӣ, Қиёмат Аст, На Қомат!

Ин ки ту дорӣ, қиёмат аст, на қомат!
В-он на табассум, ки мӯъҷиз асту каромат!
Ҳар ки тамошои рӯи чун қамарат кард,
Сина сипар кард пеши тири маломат.
Ҳар шабу рӯзе, ки бе ту меравад аз умр,
Ҳар нафасе меравад ҳазор надомат.
Умр набуд он чи ғофнл аз ту нишастам,
Боқии умр истодаам ба ғаромат.
Сарви хиромон чу қадди мӯътадилат нест,
Он ҳама васфаш, ки мекунанд ба қомат.
Чашми мусофир, ки бар ҷамоли ту афтад,
Азми раҳилаш бадар шавад ба иқомат.
Аҳли фариқайн дар ту хира бимонанд,
Гар биравӣ дар ҳисобгоҳи қиёмат.
Ин ҳама сахтию номуродии Саъдӣ
Чун ту писандӣ, саодат асту саломат.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.