Имшаб Сабуктар Мезананд Ин Табли Беҳангомро,

Имшаб сабуктар мезананд ин табли беҳангомро,
Ё вақти бедорӣ ғалат будаст мурги бомро.
Як лаҳза буд ин ё шабе, к-аз умри мо тороҷ шуд?
Мо ҳамчунон лаб бар лабе, нобаргирифта комро.
Ҳам тозарӯям, ҳам хиҷил, ҳам шодмон, ҳам тангдил,
К-аз ӯхда берун омадан натвонам ин инъомро.
Гар пой бар фарқам ниҳӣ, ташрифи қурбат медиҳӣ,
Ҷуз сар намедонам ниҳодан узр ин икдомро.
Чун бахти неканҷомро бо мо ба куллй сулҳ шуд,
Бигзор, то ҷон медиҳад бадгӯи бадфарҷомро!
Саъдӣ алам щуд дар ҷаҳон, сӯфию омӣ, гӯ: бидон!
Мо бутпарастӣ мекунем, он гаҳ чунин асномро.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.