Имрӯз Шоҳи Анҷумани Дилбарон Якест,

Имрӯз шоҳи анҷумани дилбарон якест,
Дилбар агар ҳазор бувад, дил бар он якест.
Ман баҳри он яке дилу дин додаам ба бод,
Айбам макун, ки ҳосили ҳар ду ҷаҳон якест.
Савдоиёни олами пиндорро бигӯй,
Сармоя кам кунед, ки суду зиён якест.
Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,
Эй ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест.
Ҳофиз бар остонаи давлат ниҳода сар,
Давлат дар он сар аст, ки бо остон якест
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.