Имрӯз Хандонему Хуш К – Он Бахти Хандон Мерасад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз хандонему хуш, к – он бахти хандон мерасад,
Султони султонони мо аз сӯйи майдон мерасад!
Имрӯз тавба бишканам, парҳезро барҳам занам,
К- он Юсуфи Канъони ман аз шаҳри Канъон мерасад!
Масту хиромон меравам, пӯшида чун ҷон меравам,
Пурсону ҷӯён меравам он сӯ, ки султон мерасад!
Иқбол ободон шуда, дастори дил вайрон шуда,
Афтон шуда, хезон шуда, к – аз базми мастон мерасад!
Фармони мо кун, ай писар, бо мо вафо кун, ай писар,
Нася раҳо кун, ай писар, к – имрӯз фармон мерасад!
Пурнур шав чун осмон, сарсабз шав чун бӯстон,
Шав ошно чун моҳиён, к-он баҳри Уммон мерасад!
Ҳон, ай писар, ҳон, ай писар, худро бибин, дар ман нигар,
Зеро зи бӯйи заъфарон гӯянда хандон мерасад!
Боз омадӣ, каф мезанӣ, то хонаҳо вайрон кунӣ,
Зеро ки дар вайронаҳо хуршеди рахшон мерасад!
Ай хонаро гашта гарав, ту сояпарвардӣ, бирав,
К-аз офтоб он сангро лаъли Бадахшон мерасад!
Гаҳ хуниву хунхораӣ, гаҳ хастагонро чораӣ,
Хоса, ки ин бечораро, к – аз сӯйи эшон мерасад!
Имрӯз мастонро биҷӯ, ғайбам бибин, айбам магӯ,
Зеро зи мастиҳои ӯ ҳарфам парешон мерасад!

Hits: 7

:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.