Ид Намой Идро Ай Ту Ҳилоли Иди Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ид намой идро, ай ту ҳилоли иди ман,
Гӯш бимол моҳро, ай маҳи нопадиди ман!
Буди ману фанои ман, хашми ману ризои ман,
Сидқи ману риёи ман, қуфли ману калиди ман!
Асли ману сиришти ман, масҷиди ман, куништи ман,
Дӯзахи ман, биҳишти ман, тозаи ман, қадиди ман!
Ҷавр кунӣ, вафо бувад, дард диҳӣ, даво бувад,
Лойиқи ту куҷо бувад дидаи ҷону диди ман!
Пештар аз ниҳоди ҷон лутфи ту дод доди ҷон,
Ай ҳамагӣ муроди ҷон, пас ту будӣ муриди ман!
Ай маҳи ид рӯйи ту, ай шаби қадр мӯйи ту,
Чун бирасам ба ҷӯйи ту, пок шавад палиди ман!
Ҷисм чу хонақоҳи ҷон, фикратҳо чу сӯфиён,
Ҳалқа заданду дар миён дил чу Абоязиди ман!
Дам назанам, хамуш кунам, бо ҳама рӯ туруш кунам,
То ки бигӯйиям: “Туйӣ ҳозиру мустафиди ман!”.
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.