Ид Асту Мавсими Гул Соқӣ, Биёр Бода,

Ид асту мавсими гул соқӣ, биёр бода,
Ҳангоми гул кӣ дида бе май қадаҳ ниҳода?
З-ин зӯхду порсоӣ бигрифт хотири ман,
Соқӣ, бидеҳ шаробе, то дил шавад кушода!
Суфи, ки дӣ насиҳат мекард ошиқонро,
Имрӯз дидамаш маст тақво ба бод дода.
Ин як-ду рӯзи дигар гулро ғанимате дон,
Гар ошиқӣ тараб ҷӯ бо соқиёни сода!
Гул рафт, эй ҳарифон, ғофил чаро нишинед
Бе бонги руду чанге, бе ёру ҷоми бода?
Дар маҷлиси сабӯҳӣ, донӣ чӣ хуш намояд?
Акси узори соқӣ дар ҷоми май фитода.
Мутриб чу парда созад, шояд агар бихонад,
Аз тарзи шеъри Ҳофиз дар базми шоҳзода.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.